ОМӮЗИШИ ХУСУСИЯТҲОИ ФАРҚКУНАНДАИ ФЕЪЛ ДАР ЗАБОНҲОИ АРАБӢ ВА ФОРСӢ

  Абдуваҳоб Воҳидов, Фозилҷон Шукуров (Самарқанд, Ӯзбекистон) |    Завантажити статтю

Дар рафти омӯзиши забони арабӣ ва форсӣ, пеш аз ҳама ба ҷиҳатҳои фарқкунандаи он бояд аҳамият дод, то ин ки хонанда ба зуд аз худ кардани он муяссар гардад, вагарна минбаъд сарфаҳм рафтани дарс барои ӯ душвор мегардад. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи рамматикаи забони арабӣ аз он иборат аст, ки ба се қисм ҷудо карда шудааст: исм, феъл ва ҳарф. Ба гурӯҳи исм калимаҳое дохил гардидаанд, ки дорои маънои мустақил мебошанд, аз қабили исм, сифат, шумора, ҷонишин, зарф, масдар (номи ҳаракат), сифати феълӣ ва ғайра.