НИГОҲЕ БА РУСУМОТИ МАРДУМИ ХАМЧАВОР

  Абдувахоб Вахидов, Фозилжон Шукуров (Самарканд, Узбекистон) |    Завантажити статтю

Дар чануби Ўзбекистони соҳибистиғлоли мо кишваре бо номи Афгонистон чой гирифтааст, ки омўзиши русумот ва одобу ахлоғи мардуми он барои забоншиносон ва мардумшиносони мамлакати мо низ аз манфиат холй нест, зеро дар гузаштаи на чандон дур таърихи муштараку ғисмати якчоя халғҳои моро бо ҳам пайвастааст. Дар тўли асрҳо халғҳои минтақа бо ҳамдигар паҳлў ба паҳлў истода, зарбаҳои мухталифи ҳаётро паси сар намудаанд. Дар натича, урфу одат ва фарҳанги муштараке ба вучуд омадааст, ки аз ҳамбастагии халғҳоямон сарчашма мегирад. Дар мағолаи мазкур тасмим гирифтем, ки чанде аз мулоҳизоти хешро доир ба расму одатҳои мардуми кишвари ҳамсоя иброз дорем. Маводи мазкур ҳини сафарҳои хидматй ва мутолиаи асарҳои дастрас рўйи кор омадааст.