ИҚТИБОСОТИ ФОРСЙ(ТОЧИКЙ) ДАР ЗАБОНИ РУСЙ

  Бобур Қурбонов, Шахноза Гиясова (Самарканд, Узбекистан) |    Завантажити статтю

Забон воситаи тағйирпазиранда аст. Асоситарин сабаби ба тағйирот рўй овардани забон, ба таркиби луғавии он дохил шудани калима ва ибораҳои забони дигар мебошад. Бояд таъкид намуд, ки вожа ва ибороти иқтибос гардида аз як чиҳат забонро ба рушду такомул ноил мегардонанд, яъне тараққи медиҳанд. Аз чиҳати дигар бошад, сабабгори аз доираи истеъмол баромадани баъзе калимаҳои аслй мегарданд. Дар ин мақола оиди иқтибосоти тарафайн дар забонҳои русй ва форсй (точикй) сухан хоҳад рафт. Маълум аст, ки дар забони адабии ҳозираи точик теъдоди зиёди калимаҳои русй мавчуданд. Ин гуна вожаҳо асосан дар замони ҳукумати Шўравии собиқ ба таркиби забони точикй, ки яке аз асоситарин шохаҳои гурўҳи забонҳои Эронй аст, ворид гардидаанд.