РОҶЕЪ БА ЧАНД УСУЛИ ҶАДИДИ КАЛИМАСОЗЙ ДАР ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИК

  Абдувахоб Вахидов, Кубарро Мамадалиева (Самарқанд, Ўзбекистон) |    Завантажити статтю

Ҳодисаҳои калимасозӣ дар забони тоҷикӣ аз рӯзҳои аввали таълифу таснифи китобҳои дарсй мавриди баррасӣ қарор ёфта, диққату эътибори забоншиносонро ба худ ҷалб намуда буд. Дар зарфи ин солҳо дар забоншиносии тоҷик роҷеъ ба мавзӯи фавқ як қатор асарҳои илмӣ ‒ тадқиқотӣ ба табъ расиданд ва дар онхо тарзу усулҳои калимасозӣ як андоза дақиқ арзёб шуданд. Масъалаи омӯзиши назарии калимасозӣ боз ҳам амиқтару фарохмандтар шуд. Раванди тадқиқ беш аз пеш тибқи сохтмони забоншиносии рус сурат гирифт. Ҳодисаи калимасозӣ дар китобҳои дарсӣ ва асарҳои ҷудогона дар доираи ҳиссаҳои нутқ дар боби морфология омӯхта, таҳлилу тадқиқ гардид. Муҳаққиқон ҳодисаи калимасозиро дар асоси маводҳои дақиқ аз назари грамматика баррасӣ намуданд. Кулли тадқиқоти олимон дар заминаи грамматика анҷом пазируфт.