ХУСУСИЯТИ ЛЕКСИКЙ – СЕМАНТИКИИ КАЛИМАҲОИ СОҲАИ БОФАНДАГЙ

  Анзурат Хонхўчаева (Самарқанд, Ўзбекистон) |    Скачать статью

Гирд овардан ва аз нуқтаи назари илмй тадқиқ кардани лексикаи бои соҳаҳои касбу ҳунарҳои гуногуни халқй – лексикаи саноат, хочагии қишлоқ, санъату маданият ва амсоли онҳо, ки аз тарафи мардуми меҳнаткашу эчодкорамон дар давоми асрҳои зиёде ба вучуд оварда шуда, ба тариқи мероси пурарзиш ба мо ҳадя шудаанд, яке аз вазифаҳои таърихнопазири рўз аст. Чунки лексикаи касбу ҳунар бо вучуди чиҳатҳои лаҳчаи ин ё он маҳалро дар худ инъикос намуданаш қабати махсуси лексикаи забони адабиро ташкил карда, бо ин роҳ хусусиятҳои миллии ин ё он забонро дар худ маҳфуз медоранд. Дигаргуниҳои ичтимоие, ки ба вучуд омадаанд, ба ҳаёти аҳли касбу ҳунар таъсир накарда намонд. Дар натичаи тараққиёти рўзафзуни илму маданият, саноату хочагии қишлоқ ва пешрафти техникаи ҳозиразамон аз як тараф лексикаи баъзе ҳунарҳои дастй аз истеъмол баромада бошанд,аз тарафи дигар ба чои як гурўҳи онҳо мафҳумҳои нав пайдо шуда истодаанд. Гурўҳи сеюми истилоҳи касбу ҳунар вобаста ба шароити зиндагй таъсири маънй намуда, дар забони халқ боқй мондаанд. Аз ин чиҳат ҳарчи бештар ва зудтар гирд овардани ин дурдонаҳои забони халқ ва дар асоси ин боигарй ба вучуд овардани истилоҳоти соҳаҳои гунонуни хочагии халқ, инчунин тартиб додани луғатҳои ҳархелаи касбу ҳунар ва луғатҳои тафси рй дорои аҳамияти амалй ва назарй мебошад.