ОДОБИ МУОШИРАТИ ЭРОНИЁНИ ЧУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

  Абдуваҳоб ВОҲИДОВ (Самарканд Узбекистон)  |    Скачать статью

Одоби муоширати чомеаи эрониен то ҳол ба таври мукаммал мавриди омўзиш қарор нагирифтааст. Зероки доираи вазьи тадкики масьалаи фавк дар бахши эроншиносū чандон комил нест ва баьдан сархади мавзуи тадкик дар фазои майдони амалиет ба якчанд сохаи илм мутаалик аст.Аз ин ру ,омўзиш ва тадкики одоби муошират бояд ҳадафи илми махсусе қарор гирад, ки илмҳои дигарро низ, ба мисли мардумшиносū, равоншиносū, равоншиносии ичтимоū, забоншиносии равонū, назарияи ахлоқ, забоншиносии ичтимоū, паралингвистика, ахлоқ ва хамчун забоншиносиро дар худ мучассам созад. Ва билкул, якчоя манзараи пурраи одоби муоширати миллии эрониро ба вучуд орад. Аз номгўйи илмхои фавкалзикр маълум ва равшан мегардад, ки бо ин масьала бештар мутахассисони лингвистика ва алалхусус, олимони бахши эроншиносй машғул шаванд. Зеро тибки табиату хосияти гуфтор ин чаранен бештар бахри омўзиши забони гуфтугўии форсū хизмат хоҳад кард. Ва ин бори дигар собит менамояд, ки одобн муоширати чомеаи эронū бояд амик ва мукаммал мавриди тадкик карор гирад ва тибки он , хамчунин, қолаби одоби муошират эронū равшан гардида, параметрҳои тарзи рафтори муоширати эрониен мушаххас гардад.. Қолаби мазкур бояд аломату рамзҳои ахлоқ ва ичтимоиётро фаро гирад.