ТАҲЛИЛИ ЛЕКСИКЙ – СЕМАНТИКИИ ВОЖАХОИ ЭТНОГРАФИИ ТОЧИКОНИ САМАРҚАНД (дар асоси маводи маросими мотам)

  Анзурат Хонхўжаева (Самарқанд, Ўзбекистон) |    Download article

Дар забоншиносии точик як қатор масъалаҳои баҳсноку ҳалталаб мавчуданд, ки ҳоли ҳозир ҳаллу фасли хешро мунтазиранд ва яке аз чунин масьалахо тадқиқи амиқи лексикаи этнографии гўиши точикони Самарқанд аст. Таҳлили мухтасари этнографизмҳо собит намуданд, ки дар ин соҳа то ҳол муваффақияти ба назар намоёне ба даст наомадааст ва маводи ғановатманди лексикаи этнографии гуиши точикони Самарқанд, алалхусус маросимхо тадкики чудогонаву ҳамачонибаро такозо доранд.Маводи этнографии маросими мотами точикони Самарқанд дар захираи забони точикй чун воҳиди забон яке аз гурўҳҳои серистеъмоли таркиби луғавиро ташкил медиҳанд ва он маводи тайёри бинокории забон дар мубодилаи афкор фаьол истифода мегардад. Хаминро бояд зикр кард,ки маводхои этнографй, таърихй ва санъатшиносй низ чун маьхази калимахои маросимй хизмат хоханд кард. Ҳарчанд ин асарҳо хусусияти этнографй доранд,аммо чун сарчашмаи тадқиқотии лисонй маводи мухим хоханд буд.