ТАЧДИДИ МАЬНИИ ВОЖАХОИ АРАБЙ ДАР ТАРКИБИ ВОХИДХОИ ФРАЗЕОЛОГИИ ЛАХЧАИ ТОЧИКОНИ САМАРКАНД

  Абдувахоб Вохидов, Фозилчон Шукуров (Самарканд.Узбекистон) |    Download article

Калимахои иќтибосии арабй дар забони точикй дар мавридхои зиёд хусусияти сермаъноии худро нигох доштаанд. Мувофиќи назарияи маъмули иќтибос, агар забонхои ба хам таъсиркунанда аз чихати пайдоиш наздикиву ќаробат дошта бошанд, хангоми иќтибоси калимахо сермаъноии онхо нигох дошта мешавад. Вале забонхои точикиву арабй аз ин назария истисно хастанд, зеро забони точикй ба оилаи забонхои хиндуаврупой, забони арабй бошад, ба оилаи забонхои сомй мутааллиќанд. Вале далелхои забонй собит месозанд, ки калимахои арабии ба забони точикй иќтибосшуда аксаран тобишхои маъноии худро нигох медоранд. Пас, сабаби дар забони точикй сермаъноии худро нигох доштани калимахои арабиро дар омилхои дигар чустучў кардан лозим меояд. Калимахои арабй дар таркиби луѓавии забони точикй на фаќат сермаъноии худро нигох доштаанд, балки доираи маънохои худро васеъ низ намуда, ба маънохои нав истеъмол гардидаанд. Васеъшавии доираи маъноии калимахои арабиро дар таркиби вохидои фразеологии лахчаи точикони Самарканд низ мушохида намудан мумкин аст. Аз ин лихоз калимахои арабии дохили вохидхои фразеологии лахчаи точикони Самаркандро ба ду гурўх таќсим намудан мумкин аст.