МУШАХХАСОТИ САФАРНОМАИ АДАБИЁТИ МУМТОЗИ ТОЧИК

  Зулфия Юнусзода (Самарқанд, Ӯзбекистон)  |    Download article

Жанри сафарнома, ки дар қолаби он одатан саргузаштҳои сафарй, воқеаву ҳодисаҳое, ки ҳангоми сайри шаҳрҳои кишвари худ ва ё сафари сарзамину мамолики хорича дида ва мушоҳида намудаи нависанда баён карда мешавад, аз чиҳати шакл ва банду баст нисбатан озод буда, ба нависанда имкон медиҳад, ки ба таври озод мувофиқи чаҳонбинию диди эстетикй ва матлаби эчодии худ хонандаро бо таърих, тамаддун, одобу русум, дину мазҳаб, касбу кор, тарзи зист, иқлиму мавқеи чуғрофй, шароити иқтисодй, вазъи ичтимоиву сиёсии мамлакату кишварҳои мухталифе, ки ба он чо мусофират кардааст, ошно созад. Дар ин бобат ишораи мунаққиди рус Э.Г.Чернишевский қобили қайд аст, ки гуфтааст: -“Сафарнома қисман роман, қисман мачмўаи латифа, қисман таърих, қисман сиёсат, қисман табиатшиносист. Ҳар як хонанда метавонад дархости худро аз он пайдо намояд” (1, 222). Яъне сафарнома мазмуни чуғрофй, таърихй, этнографй ва умуман мазмуни энсиклопедй дошта метавонад.