АНЪАНА ВА НАВГОНЙ ДАР САФАРНОМАИ ВОЗЕҲ

  Зулфия Юнусзода (Самарќанд, Ўзбекистон) |    Download article

Дар адабиёти аҳди маорифпарварй баъд аз Аҳмади Дониш дуюмин адибе, ки дар жанри сафарнома асар эчод кардааст, Қорй Раҳматуллоҳи Возеҳи Бухорой (вафоташ соли 1894) мебошад. Сафарномаи Возеҳи Бухорой бо номи “Савонеҳ ул-масолик ва фаросих ул-мамолик” шўҳрат дорад Дар байни таълифоти Возеҳ сафарномаи “Савонеҳ ул-масолик ва фаросих ул-мамолик” мақоми чудогона дорад. Ин асар муаллифашро ба адабиёти пешқадами давр – адабиёти маорифпарварй бевосита алоқаманд гардондааст. Дар адабиётшиносии точик Возеҳ асосан аз рўи ҳамин асараш адиби маорифпарвар номгўй шуда, эчодиёти ў ба таври қатъй ба адабиёти маорифпарварй мансуб карда шудааст. Ба воситаи ҳамин асар Возеҳ на танҳо дуюмин адиби сафарноманавис, балки баъди Аҳмади Дониш дуюмин нависандаи маорифпарвар дар адабиёти нимаи дуюми асри Х1Х шинохта шудааст.