ЗАХРОЛУДШАВЙ НИЗ ХАСТАГИСТ

  Фарангис Вохидова (Самарканд, Узбекистон) |    Download article

Заҳролудӣ ва ё заҳролудшавӣ бемории инсон ва ҳайвонот буда, дар натичаи таъсири заҳрҳо ба вуҷуд меояд. Ҳангоми заҳролудшавӣ вайроншавии функсияи узвҳои дохилии организм ба мушоҳида мерасад. Он ду навь: музмин ва шадид мешавад. Заҳролудшавии шадид одатан баъди бевосита ба организм таъсир намудани вояи заҳрҳо ба вуҷуд омада, боиси вайроншавии узвхои ҳаётан муҳим (узвҳои нафаскашӣ, гардиши хун ва ғ.) мегардад. Заҳролудшавии музмин бошад, хангоми таъсири бардавоми консентратсияи нисбатан ками заҳр пайдо мешавад.Ин чараён вобаста ба шароитҳои мухталиф, чун истеьмоли дору, касбӣ, маишй ва ғайра рух медихад. Нишонаҳои резобтивии заҳролудшавӣ, ки дар натиҷаи ҷабидани заҳр ба вуҷуд меояд, хеле гуногун буда, ба дараҷаи осеби ҷигар, гурда, хун, системаи асаби марказӣ, периферӣ ва амсоли он вобаста аст.