КАЛИМАСОЗЇ ВА ШАКЛСОЗИИ ЊИССАЧАЊО ДАР ЗАБОНИ АДАБИИ ТОЉИК

  Марњабат Истамова, Гулноза Адашуллаева (Самарқанд, Ўзбекистон)  |    Download article

Калимасозї яке аз воситањои асосии бойшавии таркиби луѓавї ба шумор меравад. Таѓйирот ва инкишофу такомули калимасозию шаклсозї мувофиќи талаботи ќонунияти дохилии забон ба амал меояд ва бо сохти грамматикии забон алоќаи хеле мустањкам дорад. Гўянда барои пурраву мукаммал ифода намудани фикр ва мубодилаи афкор аз њамаи воситањо истифода мебарад. Ин талабот ба инкишофи калимасозию шаклсозї ва таркибу ибораорої асосу омили муњим ба шумор меравад. Тарз ва усулњои калимасозии њиссањои гуногуни нутќ дар забони адабии имрўзаи тољик аз доираи назари тадќиќотчиён берун намондааст. Вале калимасозї ва шаклсозии њиссачањо то њол ба таври бояду шояд мавриди тањлилу тадќиќ ќарор нагирифтааст, њол он ки њиссачањо хусусияти калимасозї ва шаклсозї низ доранд. «Баъзе калимањо устувории мафњуми худро гум карда, ба њиссача табдил мешаванд ва барои сохтани шаклњои грамматикї ё калимањои нав хизмат мекунанд».